//
joomla
Саҳифаи асосӣ: Об институте Оиди институт Оиди институт

ИНСТИТУТИ ХИМИЯИ БА НОМИ В.И. НИКИТИНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ulti Clocks content

PostHeaderIcon Оиди институт

PostHeaderIcon Дар бораи институт

Хуш омадед ба сайти Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Дар сайти мазкур ба диққати Шумо маълумот оиди фаъолияти институт, таърихи он, коллективи илмӣ. Аспирантура, лоиҳаҳо, ҳамкориҳои байналхалқӣ пешкаш мегардад.

Бо маълумоти тамосии пешниҳодшуда бо мо дар алоқа буда метавонед.

Бо камоли эҳтиром директории институт д.и.х.,
профессор,
Муҳидинов Зайниддин Қамарович

Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ, яке аз марказҳои ташакулёбии илми химия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар институти химияи ба номи В. И. Никитини АИ ҶТ 101 нафар кормандон, ки аз онҳо 69 нафарашон кормандони илмӣ: 5 нафар академикҳои АИ ҶТ, 16 нафар докторони илм, ки аз инҳо 10-нафар профессорон ва 24-нафар номзадҳои илм мебошанд, фаъолият доранд.

Масъалаи асосии институт: Омӯхтани боигариҳои табиии Ҷумҳурӣ, ва коркарди асосҳои илмии кашфи пайвастагиҳои нави химиявӣ ва маводҳои зарур барои саноат, тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳо, инчунин ҷудо намудани маводҳои арзишнок аз партовҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ.

Институти химияи ба номи В.И Никитини Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Институти химияи ба номи В.И Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илми-техникӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015», Оинномаи Институти химия ба роҳ мемонад.

Масъалаи асосии илмии институти химия гузаронидани таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои ҳозиразамони химияи ғайриорганикӣ, органикӣ, физикӣ, техникӣ ва химияи пайвастагиҳои калонмолекула, фаъол намудани кооператсияи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, тайёр намудани мутахассисони дараҷаи олӣ, пайдо намудани сарчашмаҳои ғайри буҷавии маблағгузории корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, васеъ намудани алоқаи илмии байналхалқӣ, мукаммал гардонидани сохтори институт ва ташаккул додани фаъолияти он дар ҳошияи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони илм ва маориф, ки моҳи марти соли 2014 баргузор шуда буд, мебошад.

Ҳуҷҷати асосие, ки фаъолияти АИ ҶТ оид бо такмилу тағир додани сохтор ва ташаккулёбии самти фаъолияти корхонаҳои илми-тадқиқотии АИ ҶТ аз он ҷумла институти химияро муайян месозад, ин «Стратегияи ҶТ дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» ба шумор меравад.

Институти химия кушишҳои зуруриро ба харҷ медиҳад ин Барномаро дар амал ҷори намояд. Бо пешниҳоди АИ ҶТ Хукумат «Руихати самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2012», «Барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҶТ дар давраи соҳои 2009-2015» ва «Барномаи интегратсияи илм ва маълумоти олии ҶТ барои солҳои 2010-2015» қабул намуд.

Дар институт шӯъбаи доктарантура ва аспирантура фаъолият мекунад, ки дар он 1-доктарант ва 18- аспирантон ба корҳои илмӣ машғуланд.

Сохтори нави институт дар шӯрои олимон (протоколи №01 аз 14.05.2014сол) қабул карда шуда, дар шӯъбаи илмҳои физикаю- математика, химия, геология ва техники АИ ҶТ аз 19.05.2014с тасдиқ карда шуд.

Дар айни замон институт таҳқиқотҳоро дар самтҳои барои Чумҳурӣ афзалиятноки зерин амалӣ мегардонад:

• Хӯлаҳои алюминий. Технологияи равандҳои электрохимиявӣ ва муҳофизат аз коррозия. Маводҳо дар асоси хӯлаҳо барои соҳаи мошинсозӣ.

• Коркарди комплексии захираҳои минералӣ ва партовҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Биополимерҳо аз партовҳои саноатӣ ва комплексҳои онҳо барои ҳосил кардани маводҳои нав барои соҳаҳои саноати сабук ва тиб.

• Синтез ва таққиқи фаъолноки биологии маводҳои синтетикӣ ва табии.

• Геохимияи равандҳои такшинкунӣ, истифодаи усулҳои атоми- эмиссионӣ, электрохимиявӣ ва ғайраҳо барои таҳлили маводҳои табии ва техникӣ.

• Коркарди асосҳои илмии технологияи амиқи ангишти дипресияи тоҷик ва синтези маҳсулоти органикии фоидаовар.

Ин корҳо дар ҳашт озмоишгоҳҳои институт иҷро карда мешаванд.

Дар рафти солҳои 2010-2013 кормандони Институти химия, дар мувофиқа бо самтҳои номбаршуда зиёда аз 480 мақолаҳои илмӣ нашр карда, 26 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд. Ҳафт конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявиро гузаронданд.

Хароҷоти воқеӣ барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соли 2014 1844533 сомониро ташкил дод.

Таи 10 соли охир институт дар доираи 10 лоиҳаи МБИТ ва Иттиҳоди Аврупо барои КИТ ва сафарҳои хизматӣ 2 миллиону 582 ҳазор доллари ИМА сарф кард. Аз ҳисоби ин лоиҳаҳо институт дастгоҳҳои хозиразамони аналитикӣ ва физикӣ-химиявӣ, ки барои гузаронидани КИТ лозиманд дастрас намуд.